Се соли зиндон барои сироят намудан бо вирус

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкСимвол всемирного дня борьбы со СПИДом
Символ всемирного дня борьбы со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз маҳкум шудани як нафар ба 3 соли зиндон хабар додааст, ки барои қонеъ намудани ҳиссиёти шаҳвонии худ шаҳрванди дигарро гирифтори бемории СПИД кардааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шуд, ки маҳкумшуда бар асоси хулосаи ташхис аз 5 апрели соли 2017 ба бемории вируси норасоии масунияти одам гирифтор будааст.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи муайян шудани беморӣ, аз ин нафар ӯҳдадории хаттӣ дар бораи риояи талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта шудааст.

Помазок с бритвенным станком, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Қайчизании сартарошҳо ва пулдуздии ҷавондухтар дар “Корвон”

“Аммо, шаҳрванд А.А. бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ, ӯҳдадории хаттии зикршудаи худро риоя накарда, дидаю дониста, моҳи ноябри соли 2017 шаҳрванд Б.А.- ро бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ба бемории мазкур сироят намуд”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Додгоҳ шаҳрванд А.А-ро, бар асоси моддаи 125 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, барои дидаю дониста бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани нафари солим гунаҳкор дониста, ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Лентаи хабарҳо
0