ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Муртазо Сармадӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон, ки барои иштирок дар 17-умин иҷлоси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ба шаҳри Душанбе омада буд, бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мулоқот намуд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати Эрон дар мулоқот бо вазири энергетикаи Тоҷикистон, ки раиси тоҷикии комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар мебошад, масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуд.
Тарафайн зимни баррасии охирин вазъияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фании ду кишвар, бар заруррати густариш ва тақвияти ин ҳамкориҳо дар чорчӯби комиссияи муштараки иқтисодӣ таъкид намуданд.
Муртазо Сармадӣ зимни мулоқот афзудааст, ки Эрон барои тақвияти муносиботи ҳамаҷониба бо Тоҷикистон ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ омода мебошад.
Дар ҳамин ҳол вазири энергетикаи Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба ҳамкориҳои хуби ду кишвар ба хусус дар соҳаи энергетика ишора намуда, аз амалкарди ширкатҳо ва муҳандисони эронии фаъол дар тарҳҳои Тоҷикистон, ба хусус дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун таъкид намуд.
Ёдрас мешавем, ки Муртазо Сармадӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
имни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вазорати корҳои хориҷа таъкид намудааст, ки зимни мулоқот ҳамзамон тарафҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.