Пирӯзии Емеляненко ва мағлубияти Айдарбеков дар ИМА (ВИДЕО)

Обуна шудан
Шаби шанбе ба якшанбе дар Ню-Йорк мусобиқаи ниманиҳоии Bellator баргузор гардид, ки дар он баробари варзишкорони дигар, Суҳроб Айдарбеков, размикори 28-солаи тоҷик ва Фёдор Емеляненко аз Русия ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Емеляненко дар даври якум бар размикори амрикоӣ Чейл Соннен пирӯз гардид ва дар сабқати ниҳоии Bellator, ки 26 ноябр дар Лос-Анҷелес дар назар аст, бо Райан Бейдер қувваозмоӣ хоҳад кард.

Феълан Емеляненкои 42-сола, дар ҳунарҳои размии омехта 38 пирӯзӣ ва 5 бохт дорад.

Инчунин дар сабқати ниманиҳоии Bellator, Суҳроб Айдарбеков, варзишкори тоҷик бо Томми Эспиноза аз ИМА қувваозмоӣ кард, аммо дар даври якум шикаст хӯрд.

Айдарбеков, размикори 28-сола аз Тоҷикистон, дар ИМА зиндагӣ ва тамрин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0