ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Бар асоси омори кишварҳои ИДМ, ки БелаПан нашр кардааст, давоми 9 моҳи соли равон аз ҳама бештар нархҳо дар Узбакистон – 8,1%, Украина – 5,6% ва Тоҷикистон – 3,8% боло рафтаанд.
Ин дар ҳолест ки дар бархе аз кишварҳои ИДМ нархҳои истеъмолӣ коҳиш ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла нархҳо дар Озарбойҷон – 0,1%, Молдова – 0,4%, Арманистон – 0,8% ва Қирғизистон – 1,1% коҳиш ёфтаанд.
Дар маҷмуъ дар қаламрави ИДМ тайи 9 моҳи аввали соли равон нархҳо ба ҳисоби миёна 4 дарсад боло рафтаанд.