Бо қарори Аҳмадзода дар Суғд Рӯзи нобиноёнро таҷлил мекунанд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
15 октябр дар Суғд Рӯзи нобиноёнро таҷлил мекунанд. Раиси вилоят барои ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифтани нобиноёни вилоят қарори вижа ба тасвиб расонидааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Суғд нобиноён ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

"Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён санаи 15 октябри соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи нобиноён ҷашн гирифта мешавад", - менависад манбаъ.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, дар ин бора раиси вилояти Суғд қарори вижа ба тасвиб расонидааст.

"Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо вазифадор гардидаанд, ки нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин масъулин ба хонаводаҳои нобиноён рафта, комакпулии Ҳукумати вилоятро бар онҳо хоҳанд расонид.

Бахшида ба ин сана ташкили чорабиниҳои гуногуни идона низ дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0