ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиев, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ дар фурудгоҳи Душанбе тир парронида буд, аз кор озод карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Ба иттилои манбаъ инчунин бо фармони вазир сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш низ аз мансабҳояшон сабукдӯш карда шуданд.
Ҳамчунин вазири корҳои дохила дастур додааст, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо анҷом дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиев дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви ба муноқиша пардохта, аз силоҳи шахсиаш ба сӯӣ ӯ тир парондааст.
Қайд шудааст, ки Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Дар ҳоли ҳозир, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт шуда ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.