ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Имрӯз, 11 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравии худ ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим кардааст.
"Зимни суҳбат бо варзишгарон нахуст Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфт", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст.
"Дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад", - афзудааст президент.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16 сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд.
Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасони то 16 сола дар ду марҳила бо иштироки 45 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардид.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардида, тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони зери 17 сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.