ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар чоҳорчубаи лоиҳаи CASA-1000 сатҳи таъмини деҳаҳои ноҳияи Исфараро бо нерӯи барқ беҳтар кунанд, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Дар ин бора вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс мулоқот кардаанд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаи идомаи ҳамкориҳои миёни Вазорати молия ва Бонки ҷаҳониро дар сармоягузории лоиҳаҳо баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози тавлидкунандагону истеъмолкунандагони нерӯи барқ, ки аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мегузарад, мебошад. Тахмин меравад, ки мувофиқи ин лоиҳа 70%-и нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон тавлид хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ мувофиқи лоиҳаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ равон карда мешавад.