ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзем, то дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо - Афғонистон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.
“Ҷонибҳо аз бархӯрдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Инчунин таъкид гардидааст, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.
“Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд”, - омадааст иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Зикри роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран мақомоти туркман изҳори норозигӣ карданд, ки ҷониби Тоҷикистон бунёди ин лоиҳаро ба таъхир гузоштааст.
Аммо мақомоти тоҷик иддао дар бораи таъхири татбиқи лоиҳаро рад намуда, хабарҳо дар ин бораро бепоя хонданд.