Ҳукумат барои воридоти маҳсулот аз тилло ва нуқра боҷи махсус ҷорӣ кард

© PixabayЮвелирные изделия, архивное фото
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти заргарӣ аз тилло ва нуқра боҷи махсуси гумрукӣ муқаррар кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ҳаҷми пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти як грамм маҳсулоти заргарӣ аз тилло 2 доллари амрикоӣ ва 1 грамм маҳсулоти заргарӣ аз нуқра 0,34 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағи мазкур дар рӯзи барасмиятдарории гумрукӣ бо назардошти қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ ҳисобу пардохт мегардад.

Ҳукумат замони мавриди амал қарор гирифтани меъёрҳои навро 1-уми сентябри соли 2018 муқаррар намудааст.

Лентаи хабарҳо
0