ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Федератсияи самбои байналмилалӣ (FIAS) варзишкори тоҷик Умед Ҳасанбековро барои истифодаи допинг ё доруҳои нерӯбахш аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваққатан маҳрум кард.
Ба иттилои FIAS, баробари варзикори тоҷик самбокорони рус Никита Яшин ва Аслан Камбиев аз допинг истифода кардаанд.
Ба маълумоти федератсия, Умед Ҳасанбеков маводҳоеро, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) мамнӯъ эълом кардааст (Stanozolol - 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) истифода бурдааст.
FIAS Умед Ҳасанбековро муваққатан аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Аммо феълан маълум нест, ки Федератсияи самбои Тоҷикистон варзишкорро чигуна танбеҳ медиҳад.
Умед Ҳасанбеков моҳи гузашта дар XVIII бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар Индонезия баргузор шуд, медали биринҷиро соҳиб гашт. Акнун Ҳасанбековро метавонанд аз медалаш маҳрум кунанд. Дар феҳристи ҷаҳонии самбокорон Ҳасанбеков дар вазни 90 кг мақоми 12-умро ишғол мекунад.