ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистониён бидуни ба даст овардани раводид метавонанд ба 58 кишвари дунё сафар кунанд, гуфта мешавад дар рӯйхатгузории шиносномаҳо, ки аз тарафи Henley & Partners тартиб дода шудааст.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҷои 83-умро ишғол карда, дар радифи Узбакистон (ҷои 82-юм) қарор гирифтааст.
Аз кишварҳои пасошӯравӣ Гурҷистон дар ҷои 50-ум аст, ки шаҳрвандонаш бибуни раводид ба 112 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Қазоқистон бошад дар ҷои 69-ум (ба 76 кишвар), Озорбойҷон дар ҷои 75-ум, Қирғизистон дар ҷои 78-ум, Арманистон дар ҷои 80-ум қарор гирифтаанд.
Шаҳрвандони Русия ба 119 кишвари дунё бе раводид сафар карда метавонанд.
Мувофиқи ин феҳрист, хушбахттарин ашхос дорандагони шиносномаи Ҷопон мебошанд, ки 190 кишвари дунё шаҳрвандони онҳоро бидуни раводод роҳ медиҳад.
Сингапур, Олмон, Фаронса ва Шветсия низ аз қабили кишварҳое мебошанд, ки сокинонашонро дар бештар аз 180 кишвари ҷаҳон бе мамоният роҳ медиҳанд.