ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Чжан Ханхуэй, ёвари вазири корҳои хориҷаи Чин таъкид намуд, ки Тоҷикистон яке шарикони ҳамаҷонибаи стратегии Чин буда, яке аз иштироккунандагони муҳими лоиҳаи "Як банд-як роҳ" мебошад.
Инчунин вай афзуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони аслӣ дар соҳаи ҳамкориҳои амниятӣ дониста мешавад.
“Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои ду кишвар ҳамаҷониба рушд доранд. Мулоқоти намояндагони ду кишвар дар сатҳи олӣ ба маротиб афзудааст. Боварии сиёсӣ низ бештар шудааст. Ҳамкориҳои амалӣ барои рушди равобити байналмилалӣ ва минтақавӣ натиҷаҳои хуб ба бор меорад”, - гуфт вай.
Чжан Ханхуэй, таъкид намуд, ки ин нахустин сафари расмии Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин ба Тоҷикистон аст.
“Ин сафар барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стретегӣ аҳмияти муҳим дорад. Инчунин, дар сафари мазкур нахуствазири Чин бо мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи "Як банд-як роҳ " ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтидори истеҳсолӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, - афзуд вай.
Қарор аст, Ли Кэтся бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушди ҳамкориҳои мутақобил дар шароити имрӯза, ҳамкориҳо дар лоиҳаи "Як банд-як роҳ " ва дар масъалаи мушкилоти муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кунанд.
Вай таъкид намуд, ки тарафҳо чанд созишномаро дар соҳаи тиҷорат ва гумрук, инчунин дар соҳаи ҳамкории минтақавӣ ба имзо расонад.
Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин аз 11 то 12 октябр дар нишасти Шӯрои роҳбарони ҳукумати Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунад.
Ли Кэтсян, баъди сафар ба Тоҷикистон ба Нидерландия сафар карда, сипас дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои "Осиё-Аврупо", ки дар Брюссел баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 17-умин нишасти Шӯрои сарони ҳукумати СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Мувофиқи барнома дар кори шӯро масоили рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳо дар ҳошияи СҲШ баррасӣ мешаванд.
Роҳбарони ҳайъатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин амалисозии барномаҳои бисёрҷанбаи тиҷориву иқтисодӣ, кори соҳибкории шӯро ва иттиҳодияи байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Афзун бар ин, роҳбарони Ҳукуматҳо як қатор қарорҳои марбут дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кори ташкилот, аз ҷумла буҷаи ташкилотро барои соли 2019 тасдиқ мекунанд. Сипас шӯрои сарони Ҳукуматҳо дар ҳайъати васеъ баргузор мешавад, ки дар он кишварҳои нозир ва ҳамкорони СҲШ ширкат мекунанд.