Баъди 18 сол: Додгоҳи олӣ Давлатовро барои хоҳаркушӣ маҳкум кард

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатов.С, зодаи ноҳияи Лахшро барои қатли хоҳараш ба 16 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон қатли хоҳар аз ҷониби Давлатов 25 июни соли 2000 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Лахш, ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой рух додааст.

Сайт Одноклассники.ру, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабси Фарҳоди 23-сола дар Душанбе барои писандидану паҳнсозиҳо дар “Одноклассники”

“Давлатов хоҳарашро бинобар сабаби ҷой доштани хусумат бо роҳи буғӣ кардан аз ҳаёт маҳрум намуда, баъдан бо ҳамроҳии Султонбеков ва Малабеков ҷасадро дар мавзеи “Қарашувоқ”-и ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой зери хок пинҳон намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки  Давлатов дар пайи содир кардани ҷиноят  Давлатов дар Русия пинҳон шудааст.

Аммо баъди беш аз 18 соли содир шудани ҷиноят Давлатов бо қарори Додгоҳи олӣ барои 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуд.

Лентаи хабарҳо
0