Баромади зебои ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи калони Маскав (ВИДЕО)

Обуна шудан
Бахшида ба маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар театри калони Маскав ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик баргузор шуд

Аз 7 то 10 октябр дар Русия Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он шаҳрвандони Русия бо фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ошно мешаванд.

Ҳамин тавр, 7 октябр дар Театри калони Маскав бахшида ба маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунарнамоии санъаткорон баргузор шуд. Дар он санъаткорони машҳури тоҷик аз ҷумла Давлатманд Холов, Таҳмина Ниёзова, Бахтиёр Иброҳим ва гурӯҳҳои рақсии "Лола" ва "Парасту" ҳанурнамоӣ карданд.

Тарона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷикона ҳозиронро мафтун кард.

Лентаи хабарҳо
0