Пешниҳоди Маркази тадқиқоти стратегӣ барои арзон намудани нархи шиносномаи хориҷӣ

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки нархи шиносномаҳои хориҷӣ (биометрӣ)-ро ба таври қобили мулоҳиза поин биорад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки нархи шиносномаҳои хориҷӣро то қадри имкон арзон намояд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Феълан арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон наздик ба 90 долларро ташкил медиҳад, ки дар миёни кишварҳои минтақа болотарин будааст. Барои мисол, дар Узбакистон нархи шиносномаи ягонаи ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ баробари 70 сомонӣ ваё наздик ба 10 доллар мебошад.

Жители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши сокинони Тоҷикистону Узбакистон барои убури марз бо шиносномаи дохилӣ

Дар сурати арзон намудани нархи шиноснома, мушкили асосии сафари на танҳо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба Узбекистон, балки бештари сокинони Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд.

Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид намудааст, ки дар пайи беҳбуди равобит бо Узбекистон, зарурати бештари истифодаи шиносномаҳои хориҷиро сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон эҳсос кардаанд. Вале гаронии нархи ин санад монеи сафари онҳо ба кишвари ҳамсоя мешавад. ​

Ин мавзӯъ ва ҳам дурнамои робитаҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 5-уми октябр дар нахустин нишасти коршиносони марказҳои стратегии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Шиносномаи хориҷӣ шаҳрванди ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Қудрати" шиносномаи тоҷикӣ ҷойи 73-умро ба даст овард

​Сайфулло Сафаров, муовини аввали раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, мо расман аз ҳукумати Тоҷикистон хостем, ки арзиши шиносномаи хориҷиро ба таври қобили мулоҳиза поин биорад. Дар ин сурат, мушкили асосии сафари на танҳо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба Узбекистон, балки бештари сокинони Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд.

Сайфулло Сафаров афзуд, таҷрибаи роҳандозии сафарҳои бидуни виза дар мӯҳлати 30 шабонарӯз нишон медиҳад, ки имкони комилан аз байн бурдани муқаррароти раводид ё виза миёни ду кишвар фаро расидааст. Вай аз ҳамтоёни узбеки худ дархост кард, ки дар гузоришҳояшон ба мақомоти Тошканд ин нуктаро бештар таъкид кунанд.

Лентаи хабарҳо
0