ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилӣ, 4 октябр зани 35-сола, сокини пойтахт ба ин ниҳод муроҷиат карда, арз доштааст, ки ронандаи “Нексия”, ки дар хатсайри №8 мусофиркашӣ мекардааст, нисфирӯзи 1-уми октябр дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати ӯ суханҳои ғайриахлоқӣ задааст.
Маъмурини милиса муайян кардаанд, ки муттаҳам Камолов Шералӣ, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён будааст.
“Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки ӯ дар ҳақиқат 1 октябр муроҷиаткунандаро бо автомашинаи шахсиаш ҳангоми аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ 109 ба самти кӯчаи Лоҳутӣ интиқол додан, нисбати ҷавонзани 35 сола беэҳтиромӣ намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Камолов хатояшро иқрор карда, баёнот додааст, ки дигар чунин амалро такрор нахоҳад кард.
Додгоҳи ноҳияи Сино Шералӣ Камоловро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, бо дарназардошти маъюби гурӯҳи дуюм буданаш нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё худ 350 сомонӣ таъин кардааст.
Ҷазои ҷавони маъюб дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо зикри шикояти ахири Шаҳноза, сокини пойтахт аз беэҳтиромии як корманди пулис дар бозори “Корвон”, изҳор медоранд, ки мақомоти умури дохилии пойтахт бояд ба ин қазия низ рӯшанӣ андозанд то шаффофият таъмин гардад.