ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Барномаи ҳунарӣ бо иштироки овозхонҳои маъруф, гуруҳҳои рақсӣ аз Тоҷикистон дар толори нави Театри калон сурат гирифт.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия зикр кард, ки рӯзҳои фарҳангии қаблӣ 10 соли пеш сурат гирифтанд.
“Сатҳи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ такони бузург барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Умедворам, ки Тоҷикистон дар Русия бештар муаррифӣ мегардад ва мардум зиёдтар бо Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд”, - изҳор дошт Сатторов.
Дар консерт дар Театри калони Маскав овозхонҳои маъруф Давлатманд Холов, Таҳмина Ниёзова, Адҳам Холиқов, Ҳақназари Аловатшо ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳунарнамоии гуруҳҳои рақсии “Парасту” ва “Лола” низ тамошобинонро тасхир намуд.
Барномаи ҳунарии мазкур рӯзи душанбе дар Театри калони драмавии ба номи Товстоногов дар Санкт Петербург намоиш дода мешавад. Инчунин намоиши аксҳо зери унвони “Тоҷикистони муосир” дар назар аст.
Мулоқот бо шоирону нависандагон, намоиши китоби нашриёти Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.