Аз тиб то технологияи кайҳонӣ ва 20 миллион доллар кӯмак: натиҷаи сафари Ковинд ба Душанбе

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шри Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шри Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳиндустон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон натиҷаҳои сафари давлатии Шри Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳиндустонро ба Душанбе, ки 7-9 октябр сурат гирифт, ироа намуд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ин сафар 10 созишнома ба имзо расида, Президенти Ҳиндустон аз ҷудо гардидани 20 миллион доллар кӯмаки бебозгашт барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдом изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҳиндустон мебошад.

Истиқболи расмӣ аз Шри Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳинд дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон чатрдорӣ кард: истиқболи расмии президенти Ҳинд дар ҳавои боронӣ (АКС)

 “Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем”, - изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ афзудааст, ки  дар Тоҷикистон зиёда аз дусад чашмаи оби маъданӣ ва ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки имкониятҳои зиёдеро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб ва туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва бемористонҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ, фароҳам меорад.

Роҳбарони ду давлат зарурати афзоиши парвозҳо миёни ду ҷонибро таъкид намуда,  барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истифодаи сулҳомези технологияи кайҳонӣ ба мувофиқа расиданд.

Инчунин роҳбарони Тоҷикистону Ҳиндустон барои  таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд. Шӯро барои таҳқиқ ва истифодаи имконоти мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда равона хоҳад шуд.

 Шри Рам Натҳ Ковинд инчунин Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба Ҳиндустон даъват намудааст ва ҷониби Тоҷикистон онро пазируфтааст.

Лентаи хабарҳо
0