Қодиров: Ҳабиб ҳамчун беҳтарин расом, симои Конорро ба тасвир табдил дод

© AP / John LocherКонор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову
Конор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, афзудааст, ки барои Конор Макгрегор ҳангоми рақобаташ бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов лаҳзаи ҳақиқат расид

ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik.  Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, Ҳабиб Нурмуҳаммедовро барои пирӯзиаш бар варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор табрик кард.

Ба гуфтаи вай, Макгрегор фикр мекард, ки рақобат бо Ҳабиб барои ӯ осон аст ва ӯ ба осонӣ пирӯзи ба даст меорад.   

Аммо Ҳабиб аз лаҳзаҳои аввал интизориҳои Конарро бар бод дода, рақибашро аз димоғчоқӣ бедор кард, навиштааст Қодиров дар Telegram.

“Мо ба Ҳабиби мағлубнашаванда бовар доштем. Конор фикр мекард, ки рақобат бо Ҳабиб осон аст ва ӯ ба осонӣ пирӯз мешавад. Лаҳзаи ҳақиқат дар майдони ҳашкунҷа (октагон) расид. Ҳабиб аз лаҳзаҳои аввал рақибашро аз хоб бедор кард. Рақиб фаҳмид, ки Ҳабиб беҳтарин рассомест, ки метавонад симои ӯро ба тасвири бо рангҳои сурх кашида шуда табдил диҳад”, - таъкид кард Қодиров.

Имрӯз мухлисони варзиш дар тамоми гушаву канори дунё рақобати Ҳабиб ва Конарро, ки дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуд, тамошо карданд. Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русия ба Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ пирӯз шуд.

​Ҳабиб пас аз нафасгир кардани Конор бо касе аз мухлисони вай аввал баҳс даромад ва худро аз майдон ба сӯи ҳайъати мураббиёну ҷонибдорони Конор партофта, ба онҳо дарафтод. Ин амали вай баҳси калонеро миёни мухлисон ва доварон ба амал овард. Дар анҷом, пирӯзиро бидуни ҳузури ду варзишкор эълон намуданд. Ҳабиб камарбанди қаҳрамониашро ҳифз кард.

Лентаи хабарҳо
0