ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русия ба Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ пирӯз шуд.
Бозӣ шоми 6 октябр дар Лас-Вегаси Амрико дар ҳошияи мусобиқаҳои UFC 229 баргузор шуд.
Дар қисми аввали мусобиқа Конор тавонист муқовимати шадид нишон диҳад, аммо Ҳабиб муҳорибаро ба зуддӣ ба дасти худ гирифт.
OHHHHH MY KHABIB DROPS MCGREGOR!!!!#UFC229 pic.twitter.com/4rBF7QbRey
— UFC (@ufc) 7 октября 2018 г.
Дар қисми дувуми муҳориба Макгрегор пас аз ғасби Ҳабиб дар вартаи шикаст буд.
Khabib gets another takedown! #UFC229 pic.twitter.com/N6CRrXdzcl
— UFC (@ufc) 7 октября 2018 г..
Дар танаффуси қисми дувум Конор ва Ҳабиб ба ҳамдигар дарафтоданд.
Дар қисми чоруми бозӣ, Конор фаъол буд. Муштҳои обдори ду варзишкор ба рӯйи ҳамдигар мерехтанд. Аммо як кӯшиши дигари Ҳабиб ва Конор менишаст.
Ҳабиб пас аз нафасгир кардани Конор бо касе аз мухлисони вай аввал баҳс даромад ва худро аз майдон ба сӯи ҳайъати мураббиёну ҷонибдорони Конор партофта, ба онҳо дарафтод. Ин амали вай баҳси калонеро миёни мухлисон ва доварон ба амал овард. Дар анҷом, пирӯзиро бидуни ҳузури ду варзишкор эълон намуданд. Ҳабиб камарбанди қаҳрамониашро ҳифз кард.
Навори пурраи бозиро инҷо тамошо кунед: