"Раиси Интерпол дар Чин боздошт шуд"

© REUTERS \ Edgar SuИнтерпол, архивное фото
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як манбаи хабарӣ ба “Reuters” гуфта, ки ӯ ба маҳзи фуруд дар Пекин барои посух додан ба саволот ба маҳалле бурда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik.Манобеи хабарии “Reuters” иддао карданд, раиси Пулиси байналмилал ё ҳамон Интерпол, ки аз ҳафтаи гузашта ва дар пайи сафар ба Чин нопадид шуда, дар ин кишвар боздошт ва дар ҳоли посух додан ба саволоти бозҷӯҳо аст, хабар медиҳад "Парстудэй".

Ба гузориши манбаъ, Минг Ҳонгвей (Meng Hungwei) раиси Интерпол, ки аз шанбеи гузашта гум шуда, дар Чин боздошт шудааст.

Минг Ҳонгвей, ки тобеияти чинӣ дорад пеш аз интисоб ба унвони раиси Интерпол ва иқомат дар мақари ин ниҳод дар Порис, муовини вазорати амнияти умумии Чин будааст.

Як манбаи хабарӣ ба “Reuters” гуфта, ки ӯ ба маҳзи фуруд дар Пекин барои посух додан ба саволот ба маҳалле бурда шудааст.

Минг Ҳонгвей шанбеи гузашта роҳии Чин шуд ва аз он рӯз хабаре аз вай дар даст нест.

Ҳамсари Минг Ҳонгвей пас аз он ки натавонист бо ӯ тамос бигирад, ба пулиси Фаронса шикоят кард.

Давлати Чин токунун вокунише ба ин иддаоҳо нишон надодааст.

Лентаи хабарҳо
0