ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарореро ба тавсиб расонида, ба сарраёсати молияи шаҳри Душанбе супориш додааст, ки барои ҳавасманд гардонидани ғолибони озмунҳои ҷумҳуривӣ маблағ ҷудо карда шавад.
Тибқи қарори раиси шаҳр дар Душанбе ба хонандагон барои гирифтани ҷойи аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1500 сомонӣ, ҷойи дувум - 1000 сомонӣ ва ҷойи севум 500 сомонӣ дода мешавад
Барои омӯзгороне, ки хонандаҳояшон дар олимпиадаҳо муваффақ мешаванд, 2000 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Мувофиқи қарор, сарраёсати молии шаҳри Душанбе барои татбиқи ин қарор 176500 сомонӣ ҷудо мекунад.