Мақоми нави Рустам Эмомалӣ дар шӯрои навтаъсис дар Душанбе

Обуна шудан
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ташкил шуд, ки роҳбарии онро худи раиси шаҳр бар ӯҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати шаҳр интихоб шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, мувофиқи қарори раиси шаҳр аз 3 октябр дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ташкил гардидааст.

Ба шӯро ҳайъати роҳбарони ноҳияҳои Душанбе, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбарони муассисаву идораҳои шаҳр дохил мешаванд.

Мувофиқи қарор, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулини шаҳрдорӣ бояд ба фаъолияти самарабахши шӯро мусоидат намоянд.

Гуфта мешавад, Рустам Эмомалӣ ҳанӯз 24 сентябр дар маҷлиси шӯрои вакилони халқи Душанбе пешниҳод карда буд, ки дар пойтахт Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ташкил шавад.

Раиси пойтахт қайд мекунад, ки шӯро бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ ба тавсиб расидааст.

Лентаи хабарҳо
0