Ҷопон ҷузъиёти садамаи корвони мошинҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро гуфт (ВИДЕО)

© Фото : Пресс-служба президента РТКортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садама 4 октябр дар минтақаи Нагатачои пойтахти Ҷопон, соатҳои 16:10 рух додааст. Корвони мошинҳои президентро худрави пулис раҳнамоӣ мекардааст ва аз қафо микроавтобусе ҳамраҳӣ мекардааст. Вақте ки мошини полис, дар чароғаки сурх меистад, микроавтобус ба яке аз мошинҳои корвони раисҷумҳур мезанад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Расонаҳои Ҷопон ҷузъиёти садамаи корвони мошинҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро гуфтанд. 

Бино бар иттилои манобеъ, рӯзи 4-уми октябр дар минтақаи Нагатачои Токио корвони мошинҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба садама дучор шуд.

Бино бар иттилои  хабаргузории news.tbs.co.jp, садама дар кӯчаи Чийоде Уорд дар наздикии бинои Парлумони Ҷопон соатҳои 16:10 рух додааст.

Бино бар иттилои sanspo.com, корвони мошинҳои президент аз панҷ худрав, аз ҷумла автомобили полис иборат буд, ки корвонро раҳнамоӣ мекард. Аз қафо мошинҳоро микроавтобуси ҳайъати хизматрасонӣ ҳамроҳӣ мекардааст.

“Вақте ки мошини полис дар чароғаки сурх истод, микроавтобус ба яке аз мошинҳои кортеж бархӯрд. Дар натиҷа қисми пеши микроавтобус ва бампери қафои "Мерседес"-и корвон шикаст”, - менависад  сомонаи fnn.jp.

Дар натиҷаи садама касе, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон осеб надидааст.

Пулиси Ҷопон далели ҳодисаро аз беэҳтиётии ронандаи микроавтобус медонад.

Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 октябр бо сафари расмӣ ба Ҷопон рафта буд.

Лентаи хабарҳо
0