Қонуни нави Маҷлиси Русия алайҳи сабтиноми муҳоҷирон дар биноҳои “резинӣ”

© ГУ МВД России по г. Санкт-ПетербургуПроверка документов у мигрантов, архивное фото
Проверка документов у мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Шӯрои Федератсияи Русия пурзӯр шудани маҳдудиятҳо дар сабтиноми ғайриқонунии муҳоҷирон, метавонад таҳдидҳои террористиро пешгирӣ кунад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маҷлиси Русия 3 октябр қонуни наверо алайҳи сабтиноми муҳоҷирон дар биноҳои “резинӣ”  қабул кард.

 Тарҳи қонун ба ҳимояи манфиат ва амнияти шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони қонунӣ дар Русия равон карда шудааст, қайд мекунанд муаллифони он.

Ба гуфтаи Шӯрои Федератсияи Русия, пурзӯр шудани маҳдудиятҳо дар сабтиноми ғайриқонунии муҳоҷирон, метавонад таҳдидҳои террористиро пешгирӣ кунад.

Сабтиноми ғайриқонунӣ ин сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ дар ташкилот ё биноҳое мебошад, ки ба он муҳоҷирон ягон иртибот надоранд. Яъне дар он кор ё зиндагӣ намекунанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Русия сабтиноми муҳоҷирон дар ҷойи кор мамнӯъ шуд. Шаҳрванди хориҷӣ бояд дар манзиле ба қайд гирифта шавад, ки дар он иқомат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0