Сарашро мегирам: Конор ваъда дод, ки Ҳабибро мағлуб мекунад

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор, архивное фото
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори муҳорибаҳои омехта Конор Макгрегор гуфтааст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов “аз ӯҳдаи ҳимояи худ намебарояд” ва усули сабқати вай ба Конор ошност

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ гуфтааст, ки барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳони UFC, бо зарбаҳои ҳалокатовар Ҳабибро  ба осонӣ мағлуб мекунад.

"Ман хурсандам, ки боз вориди майдон мешавам. Муҳориба хуб мешавад. Кӯшиш мекунам, ки  чаққон бошам. Маро усули муҳориба нигарон намекунад. Ҳабибро беҳуш мекунам. Ӯ аз ӯҳдаи ҳимояи худ намебарояд. Бовар кунед, сарашро мегирам” , - гуфтааст вай.

Тавре Би-би-сӣ менависад, Ҳабиб ба мухлисонаш гуфтааст, ки  "пас аз се рӯз ба ҳунари ман қоил мешавед".  

Ҳабиб Нумуҳаммадов  дар 26 муҳорибааш ҳамеша пирӯз шудааст. Конор Макгрегор дар 24 муҳориба 3 маротиба мағлуб гаштааст.

Сабқати ин ду варзишкори машҳур 6 октябр дар Лас-Вегаси Амрико дар ҳошияи мусобиқаҳои  UFC 229 баргузор мешавад. Имрӯз, 4 октябр Конор ва Ҳабиб  тамрини кушод баргузор карданд.

Лентаи хабарҳо
0