Марди тоҷик барои тоҷовузи зани рус ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон як марди тоҷикистониро дастгир карданд, ки ду сол қабл дар Русия, вилояти Оренбург занеро таҷовуз карда буд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон марде боздошт гардид, ки ду сол пеш дар Русия занеро таҷовуз карда буд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳалии Русия.

Ҳодиса соли 2016 дар шаҳри Орски вилояти Оренбург рух додааст. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ як сокини шаҳрро таҷовуз карда, ба ин ҷиноят як ҷавонписари ноболиғеро  ҷалб кардааст.

Наврас баъди ҳодиса дастгир ва ба 1 солу 10 моҳ равонаи  муассисаҳои ислоҳӣ шудааст.

Марди тоҷик аз тафтишот пинҳон шудааст.

Дар натиҷаи кофтукоби байналмилалӣ, мақомоти тоҷик ва Русия муайян кардаанд, ки ҷинояткор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Додситони куллӣ Русия ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон маводҳои вижа  ирсол кардааст, ки дар натиҷа мард боздошт ва ба 5 солу 3 моҳи зиндон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0