ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар шӯрои сарони Ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунад, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати Русия хабар медиҳад, Дмитрий Медведев барои ширкат дар нишаст рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе мешавад.
Интизор меравад, дар кори шӯро масоили рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳо дар ҳошияи СҲШ баррасӣ шавад.
Роҳбарони ҳайъатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин амалисозии барномаҳои бисёрҷанбаи тиҷориву иқтисодӣ, кори соҳибкории шӯро ва иттиҳодияи байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Афзун бар ин, роҳбарони Ҳукуматҳо як қатор қарорҳои марбут дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кори ташкилот, аз ҷумла буҷаи ташкилотро барои соли 2019 тасдиқ мекунанд. Сипас шӯрои сарони Ҳукуматҳо дар ҳайъати васеъ баргузор мешавад, ки дар он кишварҳои нозир ва ҳамкорони СҲШ ширкат мекунанд.
Дар ҳошияи нишаст Дмитрий Медведев бо як қатор роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ мулоқот хоҳад кард.