Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" қисман ба кор даромад

© Sputnik / Амир ИсаевТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан маркази барқу гармидиҳӣ танҳо қувваи барқ истеҳсол карда, аз нимаҳои моҳи октябр ба гармирасонӣ оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон Маркази барқу гармирасонии "Душанбе-2" қисман ба кор даромад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, феълан "Душанбе-2" танҳо қувваи барқ истеҳсол карда, вобаста аз захираҳои об дар обанборҳои кишвар, аз охирҳои моҳи октябр ба гармирасонӣ оғоз мекунад.

Қайд карда мешавад, ки ҳоло танҳо дар ду агрегати марказ барқ истеҳсол мешавад. Ҳамин тавр, айнизамон ҳаҷми истеҳсоли барқ дар як рӯз 4 миллион китоватт соатро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки тарҳи маркази барқу гармирасонии "Душанбе-2"-ро ширкати чинии ТВЕА амалӣ мекунад. Арзиши умумии тавозуни иқтидории марказ 400 МВт-ро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон барои сохтмони марҳилаи дувуми маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" 2,5 миллиард сомонӣ масраф кардааст.

Ҳукумати кишвар ба сокинони Душанбе ваъда додааст, ки пас аз пурра ба кор даромадани марказ мушкилии гармирасонӣ ва барқ дар шаҳр ҳалли худро пайдо мекунад.

Лентаи хабарҳо
0