Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи зодрӯз унвони доктори фахрии донишгоҳи Ҷопонро гирифт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом в Японию
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом в Японию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар донишгоҳи Тсукубаи Токио раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони доктори фахрии донишгоҳ сазовор донистанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кишвардори  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 октябр дар Ҷопон ба унвони "Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуб" сарфароз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон дар шаҳри Токио ба Донишгоҳи Тсукуба ташриф оварда, бо роҳбари донишгоҳ ва ҳайъати устодону донишҷӯёни муассиса мулоқот кардааст.

"Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо унвони "Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба" сарфароз гардонда шуд", - афзудааст дафтари матбуотӣ.

Президент дар назди ҳайъати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯён баромад карда, барои қадршиносӣ ва ба унвони фахрии илмии "доктор" сарфароз гардидан, изҳори сипос намудааст.

Ёдрас мешавем, фардо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад ва 66-сола мешавад. Сафари кории раисҷумҳур дар Ҷопон то 6 октябр идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0