ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон як корманди шӯъбаи милисаи шаҳри Турсунзода ба гирифтани пора муттаҳам мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии Ожонси зидди фасод хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Саъдӣ Меликов аз як сокини шаҳр "барои озод намудани бародараш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 4000 доллар талаб кардааст".
"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Меликов Саъди Давлатмуродович ҳангоми гирифтани 3000 доллар аз шаҳрванд "А" дар шаҳри Душанбе кӯчаи Ҷаббор Расулов дастгир гашта, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд", - афзудааст ожонс.
Нисбати милисаи порагир бо моддаи 319 қисми 4 банди "в" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, пештар Ожонси зидди фасод қазияи ришваситонии раиси додгоҳи ноҳияи Айниро шарҳ дода буд. Раиси додгоҳ барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани як шаҳрванд 3000 сомонӣ гирифтааст.