Ба ҳунарманди машҳур чӣ шуд: Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе китобфурӯшӣ мекунад

© SputnikХошим Гадо. Архивное фото
Хошим Гадо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Имрӯз дар назди чорраҳаи майдони Исмоили Сомонӣ марди қоматбаландеро дидам, ки дар тан костюми фарсудае дошт. Дар наздаш дар болаи алаф халтаҳо меистоданд. Аз андоми вай маълум буд, ки хиҷолат мекашад. Ба назди ман омаду китоберо дароз намуда хоҳиш кард, ки харам. Маълум гардид, ки ӯ муаллифи китоби мазкур, ҳунарманд Ҳошим Гадо будааст", - менависад зан.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Корбарони Фейсбук дар гурӯҳҳо хабар додаанд, ки ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе ба фурӯхтани китобҳои худ машғул аст. Корбарон аз ин шуғли ситораи саҳнаи тоҷик, ки соли гузашта 80-солагиашро таҷлил карда буд, изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд, ки ҳунарманд дар назди чароғаку чорраҳаҳо китобашро ба сокинон пешкаш мекардааст.

Тавре як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар яке аз гурӯҳҳои шабака навиштааст, Ҳошим Гадоро дар назди майдони Исмоили Сомонии Душанбе дар ҳолати харобе дидааст, ки китобҳояшро ба мардум пешниҳод мекард.

"Имрӯз дар назди чорраҳаи майдони Исмоили Сомонӣ марди қоматбаландеро дидам, ки дар тан костюми фарсудае дошт. Дар наздаш дар болаи алаф халтаҳо мехобиданд. Аз андоми вай маълум буд, ки хиҷолат мекашад. Ба назди ман омаду китоберо дароз намуда, хоҳиш кард, ки харам. Маълум гардид, ки ӯ муаллифи китоби мазкур, ҳунарманд Ҳошим Гадо будааст. Гуфт, ки нақши Сӯҳробро бозида буд. Хело сахт аст, ки ҳунарманд дар ин ҳолати гиряовар қарор дорад. Ҳатто намедонам, ки ғайр аз китобашро харидан, ба вай чигуна кӯмак расонам", - менависад зан.

Ҷашни 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадо - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадоро ҷашн гирифт

Дар посух ба  вай бештари корбарон навиштаанд, ки дар ҳақиқат онҳо низ ҳунармандро дар  кӯчаҳо, назди мошин, ҷойҳои ҷамъиятӣ дидаанд, ки китобфурӯшӣ мекард.

"Ман ҳам ӯро рӯзи дувум аст, ки мебинам. Ҳузнангез аст, ки чунин ҳунармандони машҳур бо ҳамин роҳ пул кор мекунанд", - менависад як ҷавон.

"Ӯро ҳамин субҳ ҳангоми гузаштани чорраҳа дидам. Дар назди чароғак ба назди мошинҳо омада, китобфуршӣ мекард. Ман ҳатто фикр накарда будам, ки китоб мефурӯшад. Ман фикр кардам, ки  вай гадоӣ мекунад", - менависад бо нигаронӣ сокини Душанбе.

"Бале, Ҳошим Гадо ба ташкилотҳо ҳам рафта, китобашро пешниҳод мекард. Ӯ ба бемористони мо низ омада буд ва мо аз ӯ китоб харида будем", - менависад зане.

Бештари корбарон навиштаанд, ки бояд ба ҳунарманд кӯмак расонид. Яке аз онҳо гуфтааст, ки шояд ба мақомоти дахлдори кишвар дар ин маврид муроҷиат кард.

"Бояд ҳар кореро анҷом диҳем, ки аз дастамон меояд. Агар ба ҷое навиштан лозим бошад, менависем", - қайд кардааст ҷавондухтаре.

Гурӯҳи дигаре навиштаанд, ки китобфурӯшӣ шуғли дӯстдоштаи Ҳошим Гадо аст, ки ҳунарманд солҳост  бо он машғул мешавад.

Бештари корбарон шигифтзада шудаанд, ки "пайвандони ҳунарманд чаро ӯро дастгирӣ намекунанд".

"Ман дар наздикии хонаи ӯ зиндагӣ мекунам. Боре ҳам ӯро бо пайвандонаш надидаам. Доим ҳамон костюми кӯҳнааш дар танаш аст", - менависад як сокини дигари Душанбе.

Бархе аз корбарон ҳатто акси китобҳоеро, ки Ҳошим Гадо мефурӯшад, муншташир кардаанд.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст. Ӯ ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Ёдрас мешавем, соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳошим Гадо дар рӯзи зодрӯзаш унвони фахрии "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим карда буд.

Ҳошим Гадо дар посух гуфта буд, "раисҷумҳур маро дубора эҳё кард".

"Ман дар тӯли 55 сол, чӣ дар театр ва чӣ дар кино, бештар нақшҳоеро иҷро кардаам, ки дар он маро мекушанд. Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзест, ки Ҷаноби олӣ маро аз нав эҳё кард, маро зинда кард", — изҳор дошта буд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0