Вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистон номҳояшонро тоҷикӣ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр таҷлил мегардад, тасмим гирифтаанд, аз номҳои хонаводагиашон пасвандҳои русиро бардоранд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Се вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номҳои хонаводагиашон пасвандҳои русиро бардоштанд, менависад ТоҷикТА.

Ҳамин тавр,  вакил Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич акнун Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ; Раҷабов Равшан Муҳитдинович - Раҷабзода Равшан Муҳитдин; Холиқов Ҳоким Ҳикматуллоевич -  Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ном доранд.

Вакилони Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи забони давлатӣ, ки рӯзи 5-уми октябр таҷлил мешавад, номҳои худро тоҷикӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем,ки аз  моҳи апрели соли 2016 дар Тоҷикистон пасвандҳои русӣ мамнӯъ гашт.

Раисҷумҳур  Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2007 номи хонаводагиашро ба шакли тоҷикӣ табдил дод ва ин иқдоми ӯро дигарон низ дастгирӣ карданд.

Масалан, Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба наздикӣ Сироҷиддин Муҳриддин шуд.

Аммо шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, баръакс номҳои тоҷикиашонро русӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0