Рейди милисаҳо дар донишгоҳи омӯзгорӣ ҷавонони ришдор ва нонхӯракҳои хобгоҳро ошкор кард

© МВД РТРейд милиции в педагогическом университете
Рейд милиции в педагогическом университете  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Донишҷӯён бо риши расида, муйҳои сари дарозу бетартиб, либосҳои ғайритавсиявӣ ҳозир мешаванд. Ошхонаи донишгоҳ дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дорад", - менависад ВУД

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт рейду санҷишҳои мақсаднок баргузор намуд, хабар медиҳад вебгоҳи ВУД.

Манбаъ менависад, рейди милисаҳо дар донишгоҳ чанд камбудӣ, аз ҷумла вайрон намудани тартиботи дохилии донишгоҳро ошкор намуд. Ҳамчунин хобгоҳ ва ошхонаи донишҷӯён дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштааст.

© МВД РТРейд милиции в педагогическом университете
Рейди милисаҳо дар донишгоҳи омӯзгорӣ ҷавонони ришдор ва нонхӯракҳои хобгоҳро ошкор кард - Sputnik Тоҷикистон
Рейд милиции в педагогическом университете

"Ҳолатҳои бо ришҳои расида, мӯйҳои сари дарозу бетартиб, либосҳои ғайритавсиявӣ ҳозир гардидани донишҷӯён ба дарс ба назар мерасад. Новобаста аз он ки донишҷӯён дар хобгоҳи донишкада истиқомат доранд, вале шиносномаҳояшон ба қайд гузошта нашудааст. Ҳолати санитарии ошхонаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва атрофии он низ дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотии ВУД.

Вазорат вфзудааст, рейд камбудии масъулини донишгоҳро низ ошкор кард.

"Аз ҷониби масъулин оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя нагардида, симҳои барқгузаранда дар ҳолати ногувор қарор доранд", - таъкид намудааст ниҳод.

Ёдрас мешавем, вуруди донишҷӯён ба донишгоҳҳои Тоҷикистон  бо риш, ҳиҷоб ва мӯйсари дароз (барои ҷавонписарон -идора) мамнӯъ аст.

Лентаи хабарҳо
0