ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ҳунармандони номии тоҷик дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд, хабар додааст Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Бино бар иттилои манбаъ, 7 октябр, дар рӯзи ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ дар дар Театри калони Маскав ҳунарнамоии Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Соибназар Аловатов ва Хуршед Иброҳимов дар назар аст.
Ёдрас мешавем, дар Русия аз 7 то 10 октябр Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҳошияи он консерту намоишгоҳи китоб ва аксҳои рассомони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дар назар аст.
Даромад ба корсертҳо бо даъватномаи сафорат ва консулии Тоҷикистон ва ба намоишгоҳҳо ройгон гуфта мешавад.