ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд, хабар медиҳад ожонси "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, Маҳмадаминов 1-уми октябр дар баромади худ масоили тағйирёбии иқлим, тероризм ва экстремизм, муноқишаҳо, нобаробарӣ, камбизоатӣ, камбуди имкониятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ ёдрас шудааст.
"Ҳамчунин намояндаи Тоҷикистон ба зарурати расонидани кумак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои қитъаи Африка, давлатҳои камтараққӣ, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд таъкид намуд", - менависад манбаъ.
Масоили кӯмак ба Афғонистон, конфронсҳои дар Тоҷикистон баргузоршуда ва даҳсолаи об мавзӯъҳои дигари баррасикардаи намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов гаштааст.
Ёдрас мешавем, ҷлосияи 73-юми Маҷмаи умумии СММ аз 25 сентябр то 1 октябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд.