ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони ниҳод як марди 74-солаи сокини ноҳияи Ванҷро ба иттиҳоми даст доштан дар куштори зани 61-сола дар Душанбе дастгир кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, пирамард нимашаб ба манзили зан дар Душанбе ворид шуда, ӯро се маротиба корд задааст.
Тавре ВУД тавзеҳ медиҳад, писари зан 2 октябр ба шӯъбаи вазорат муроҷиат кардааст, ки шаби 1 октябр, тахмимана соати 02:30 шахси номаълуме ба хонаи истиқоматиашон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид шуда, ба гардани модараш 3 корд задааст.
Феълан далели даст ба куштор задани марди ванҷӣ маълум нест. Тафтишот идома дорад.