ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон тағйироти пешниҳодкардаи Ҳукумат ба қонун “Дар бораи мубориза бо фасод”-ро қабул кардааст, ки бар асоси он довталабони кор дар мақомоти давлатӣ бояд аз дороияшон ҳисобот диҳанд.
Тибқи ин тағйирот номзадони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд эъломияи молу мулкашонро пешниҳод намоянд. Кормандони давлатӣ муваззаф шудаанд, ки дар баробари мақомоти андоз инчунин ба роҳбарашон аз дороию даромадашон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дар рафти баррасии меъёри мазкур таъкид гардид, ки ҳадафи он коҳиши сатҳи фасод дар коргоҳҳои давлатӣ мебошад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи сангин кардани ҷазо барои фасодкоронро ба имзо расонда буд, ки бар асоси он барои гирифтан ва ё додани ришва ҷаримаҳои сангин ва дар ҳолати такрори чунин амалҳо, маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даст доштан дар ҷиноятҳои марбути ришва аз 5 то 10 соли зиндон ҷазо пешбинӣ кардааст.