Даъвати Таҳмина Раҷабова ва Қурбони Собир ба филми муштараки Тоҷикистону Узбакистон

© Facebook / Tahmina RajabovaТаджикская актриса Тахмина Раджабова
Таджикская актриса Тахмина Раджабова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргардони узбакистонӣ 5 ҳунарманди тоҷикро барои нақшофарӣ дар қисми дувуми филми машҳури "Борон" даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳунарпеша ва ровии номии тоҷик Таҳмина Раҷабова барои нақшофарӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Узбакистон "Борон" даъват шудааст.

Тавре аз "Тоҷикфилм" хабар доданд, коргардони филм Рустам Саъдиев Таҳмина Раҷабова ва чор ҳунарманди дигар, аз ҷумла ҳунарманди машҳур Қурбони Собирро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

"Борон" нахустин филми муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар солҳои истиқлолият хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбакистон доир карда шуд, ки дар ҷараёни онҳо миёни Киностудияи давлатии "Тоҷикфилм" ва агентии "Ӯзбеккино" тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи ин санад, минбаъд киностудияҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ҳунармандони худро барои иҷрои нақшҳо ба филмҳояшон даъват намуда, аз имкониятҳо ва таҷҳизоти ҳамдигар бемамониат истифода ва ба паҳн намудани филмҳояшон дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0