ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши доллар дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.41 то 9.42 сомониро ташкил дода, арзиши фурӯши 1 евро ба 10.90 сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондод нисбати арзиши қаблии асъор каме поинтар мебошад.
Дар баробари ин афзоиши қурби рубл дар кишвар идома ёфта, имрӯз 1 рубли русӣ 0.1430 то 0,1435 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир қурби 1000 рубл то 134 сомонӣ поин рафта буд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои бозори ғайринақдӣ қурби 1 доллари ИМА — 9.4191 сомонӣ, 1 евро – 10.9083 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1430 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин афзоиши қурби доллар, ки одатан болоравии нархҳоро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.