ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар пайи анҷоми вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1-1, тими Тоҷикистон дар зарбаҳои 11-метрӣ бар Кореяи Шимолӣ пирӯз гардид.
Муҳриддин Ҳасанов, дарвозабони навраси тоҷик ду зарбаи 11-метрии футболбозони Кореяи Шимолиро гардонд ва барои Тоҷикистон пирӯзӣ овард.
Тими Кореяи Шимолӣ дар қисмати дуюми бозии чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2018 як голро вориди дарвозаи Тоҷикистон карда, ҳисобро баробар карда буд.
Бозӣ дар варзишгоҳи “Петалинг Ҷая”-и Малайзия сурат гирифт ва Тоҷикистон дар қисмати аввали бозӣ бо 1 гол пешсаф шуд. Голро футболбози навраси Тоҷикистон Рустам Соиров вориди дарвозаи рақиб кард. Дар қисмати дуюми бозӣ ҳариф ҳисобро баробар намуд.
Тоҷикистон феълан ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, бо ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон майдондорӣ хоҳад кард.
Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018, ки тими Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост, роҳхати Чемпионати ҷаҳон (U-17)-ро, ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, ба даст меоранд.
Тими миллии наврасони то синни 16-и Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 тими Таиландро мағлуб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта буд.