ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко баъди шиносоӣ аз ангурбоғи хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Неъмат" ва "Ватан" ба ангурпарварони хаҷагиҳо офарин хонда, гуфтааст, ки ин кори деҳқонон "намунаи ибрат аст".
Вай меҳнати деҳқононро шоистаи таҳсин хондааст ва таъкид намудааст, ки онҳо дар таъмини сокинони дигар кишварҳо бо ин намуди мева саҳми арзанда мегузоранд.
"Меҳмонони олиқадр ташаббуси роҳбарияти ин хоҷагиро дар самти ангурпарварӣ намунаи ибрат арзёбӣ намуд ва ин иқдомро дар фаровонии бозорҳо бо ин навъи меваи серталабгор дар ҷаҳон муҳим маънидод кард", - менависад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Тавре маркази матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш дод, имрӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус ба шаҳри Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои ангурпарварӣ дидан кардаад.
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи хоҷагиҳо ба усули парвариши ангур таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои роҳандозии ҳамкориҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид кардаанд.
Хоҷагии деҳқонии "Ватан" ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.