Шағалро ғайриқонунӣ истихроҷ мекард: боздошти соҳибкор дар Конибодом

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкОглашение приговора, архивное фото
Оглашение приговора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номбурда, моҳи апрели 2018 сол то инҷониб бе иҷозатномаи махсуси Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истихрочи шағал машғул шуд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини деҳаи Равоти шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи апрели 2018 сол то инҷониб бе иҷозатномаи махсуси Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истихрочи шағал машғул шуда, аз ҳудуди деҳаи Равоти шаҳри Конибодом, 3140-метри кӯби гаҷсангро истихроҷ ва коркард намуда, ба маблағи 88 461,14-сомонӣ ба давлат зарари моддӣ расонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти мутобиқи моддаи 259 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0