Эълони Вазорати нақлиёт дар бораи баста шудани нақби "Хатлон"

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЦеремония празднования завершения строительства тоннеля "Чормагзак"
Церемония празднования завершения строительства тоннеля  Чормагзак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 29-ум то 30-уми сентябр дар нақби мазкур корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида шуда, ҳаракат тариқи нақби "Чормағзак" ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кардааст, ки нақби "Хатлон"  муваққатан масдуд мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар нақб "корҳои профилактикӣ" гузаронида мешавад.

"Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии иштироккунандагони ҳарақат дар роҳ, пешгирии сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар дохили нақби “Хатлон” аз санаи 29 то 30 сентябри соли 2018 муваққатан мамнӯъ мешавад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар ин рӯзҳо ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи “Чормағзак” ба роҳ монда хоҳад шуд.

Нақби Хатлон дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ шуда, пас аз ба истифода додани он роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Нақб аз замони ифтитоҳ то моҳи феврали соли 2014 "Чормағзак" ном дошт.

Лентаи хабарҳо
0