Видеои сайри даст ба даст, оғӯш ва зиёфати президентҳо дар Душанбе

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонШоми дӯстӣ бо иштироки роҳбарони ИДМ дар шаҳри Душанбе
Шоми дӯстӣ бо иштироки роҳбарони ИДМ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 27 сентябр дар бӯстонсарои Ҳукумат барои роҳбарони давлатҳои ИДМ, Шоми дӯстӣ ташкил кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон якҷоя бо президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Молдова Игор Додон, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Русия Владимир Путин, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар бӯстонсарой ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии Тоҷикистон дидан намуданд.

“Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд”-омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳо, аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби кишвари мо омодааст, ки бо давлатҳои ҳавасманди ИДМ барои таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0