Таъкиди Кремл ба таҷлили якҷояи Ғалаба ва даъвати Мирзиёев ба ҳамгироии бештар

© Sputnik / Алексей Дружинин Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе
 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кремл мегӯяд, таҷлили якҷояи 75-солагии Ғалаба мавзӯи меҳварии нишасти сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе мебошад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл баробари омодагиҳо ба таҷлили 20-умин солгарди Ғалаба роҳбарони давлатҳо роҳҳои рушди ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.

Манбаъ афзуд, ки барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ созишномаҳои бисёрҷониба имзо карда мешаванд.  

Общее фото глав государств СНГ перед началом заседание в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ аз суратгирӣ оғоз шуд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон иттилоъ додааст, ки роҳбари ин кишвар Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Душанбе таъкид ба густариши равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ ва амният кардааст.

Мирзиёев изҳор доштааст, ки Узбакистон тайи соли гузашта ба беш аз 10 ниҳоди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ пайваст шуда, додугирифти моли Узбакистон бо аъзои дигари ИДМ майли афзоиш дорад.

Ӯ таъкид намудааст, ки Узбакистон омода аст, соли 2020 ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ-ро баргузор намояд.

Ба гуфтаи Мирзиёев дар ҳоли афзоиши чолишҳо дар ҷаҳони муосир ҳамкорӣ дар доираи ИДМ бояд таҳким дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0