Мулоқоти “Толибон” бо ҳукуматдорони Афғонистон дар Саудӣ

© AP / Allauddin KhanБоевики движения "Талибан", архивное фото
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзои ҳаракати мамнӯи “Толибон” бо намояндагони Ҳукумати Афғонистон мулоқот ва гуфтушунид кардаанд

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Мулоқоти намояндагони ҷунбиши “Толибон” ва аъзои Ҳукумати Афғонистон дар Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.

Хабаргузории Рейтер ба такя ба намояндагони ҳаракати тундрави “Толибон” иттилоъ додааст, дар мулоқот, ки ҳафтаи равон сурат гирифтааст, масъалаи амният дар интихоботи парлумонии қарибулвуқуъ баррасӣ шудааст.

 “Онҳо аз мо кумак хостанд, ки интихобот дар фазои сулҳ баргузор гардад”, - гуфтааст яке аз намояндагони “Толибон”.

“Аъзоёни ҳукумати Афғонистон вобаста ба озод кардани маҳбусон розигӣ дода, баъзе аз зиндониёнеро, ки гуноҳҳои сабук доштаанд, аллакай озод кардаанд”, - афзудааст манбаъ.

Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон ба як гузаргоҳи марзии шимоли Афғонистон ҳамла карданд

Тарафҳо ба хулосае омадаанд, ки маҳбусонро аз рӯи гуноҳашон ба се гурӯҳ ҷудо карда, дар оянда мувофиқи гурӯҳҳои ҷудошуда озод хоҳанд кард.

Намояндагони “Толибон”, ки нахостаанд номашон зикр шавад, изҳор доштаанд, ки мулоқоти тарҳрезишудаашон бо намояндагони ИМА баргузор нагардид. Сабаби лағви ин мулоқот талаби ИМА барои оташбаси семоҳа гуфта мешавад, ки роҳбарияти Толибон бо он розӣ нашудааст.

 “Баъзе аз роҳбарони мо (Толибон) барои мулоқот бо Ҳукумати Афғонистон розӣ набуданд, аммо дар ҳоли баргузор нагаштани вохурӣ бо мақомдорони Амрико розӣ шуданд”, - гуфтааст яке аз роҳбарони “Толибон”.

Ба иттилои манбаъ роҳбарони  “Толибон” гарчанде бо шартҳои Амрико дар мавриди оташбас розӣ нашудаанду вохурӣ баргузор нагардид, тамос миёни тарафҳо ҷой дорад.

“Ҳадафи мо аз мулоқот бо мақомдорони Амрико иваз кардани маҳбусон ва хориҷ кардани номи бархе намояндагони мо аз рӯйхати сиёҳи СММ буд, то онҳо имкони аз як кишвар ба кишвари дигар рафтанро дошта бошанд”, - илова кардааст манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки интихоботи парлумонии Афғонистон 20 октябр дар назар аст. Бори охир интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар соли 2010-ум баргузор гардид ва баъди он ба далоили амниятӣ ин маърака барои ду сол ба таъхир гузошта шуд.   

Лентаи хабарҳо
0