Дарёфти шиносномаи қалбакии Тоҷикистон аз тарафи марзбонони қирғиз

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марзбонони қирғиз, дар фурудгоҳи “Манас” шахсеро дастгир карданд, ки тасмим доштааст бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба самти Туркия парвоз намояд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik.  Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки 28 сентябри соли равон дар фурудгоҳи “Манас”-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон шаҳрванд Б.Х дастгир шуд, ки ҳангоми убури марз шиносномаи қалбакии Тоҷикистонро пешниҳод намудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, шаҳрванд Б.Х. соли таввалудаш 1985 тасмим доштааст бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба самти Истамбул парвоз намояд. Шахси мазкур ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар фурудгоҳ дастгир шудааст.

“Шаҳрванд Б.Х. тасмим дошт ба Истамбул парвоз кунад. Марзбонон зимни санҷиши шиноснома муайян намуданд, ки он комилан қалбакӣ аст ва зуд ин шахсро дастгир намуданд”, афзуд манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки марзбонон шахси мазкурро дастгир намуда, ба кормандони амнияти Қирғизистон супориданд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати шахси мазкур барои қалбакӣ намудани шиноснома парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишонт идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0