Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 санад ҳамоҳанг шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевУчастники заседания министров иностранных дел СНГ
Участники заседания министров иностранных дел СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзоёни ҷаласаи Шӯрои возирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд, дар рафти ҷаласа ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Вазирони хориҷа, барои ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ 13 санади ҳамкориро ҳамоҳанг намуданд, иттилоъ додааст Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин.

Общее фото глав государств СНГ перед началом заседание в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ аз суратгирӣ оғоз шуд

“Мо ба масъалаи рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои ҳамсуд дар мубориза ба зиёдшавии таҳдидҳо, чолишҳои амниятӣ ва субот аҳмият додем ”, - гуфт вазири хориҷа.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Мухриддин, вазирон инчунин ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа 13 қарор кабул карда шуда, барои мувофиқат ба сарони кишварҳои ҳамсуд равона шудааст.

“Шӯрои вазирон нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2019-2020 тасдиқ гардид Инчунин қарорҳо оид ба амалисозии барномаи давлатии ИДМ “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баррасӣ ва қабул намуданд”, таъкилд кард вай.

Президент России Владимир Путин прибыл в Душанбе на саммит глав государств СНГ - Sputnik Тоҷикистон
ВИДЕО: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

“Аз ҷумла, яке аз масъалаи муҳиме, ки мо баррасӣ кардем ин омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ва қарор дар бораи эълони соли 2021 соли сохтмону ва меъмории ИДМ, буд”, гуфт Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай Қарор дар бораи барӯйхатгирии заминаи шартномаи ҳуқуқии кишварҳои ҳамсуд ва таҳияи тавсияҳои методӣ барои барӯйхатгирии шартномаҳои байналмилалӣ дар чорчуби кишварҳои узви ИДМ қабул шудааст.

“Мо қабули Конвенсия оид ба тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта қабул намудем”, - илова кард вазир.

Инчунин вай афзуд, ки дар рафти ҷаласа, Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 қабул шудааст.

“Мо боварӣ дорем, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз усулҳои ҷудонашавандаи волояти қонун ва ҳуқуи байналмилалӣ мебошад”, - гуфт Сироҷиддин Мухриддин.    

Лентаи хабарҳо
0